-
Amazon Web Services by AppSquadz
Фасеҳӣ ва захираҳои пурқувват барои тиҷорати Шумо бо AWS ва Visa
Ҳисобҳои AWS-ро бо корти тиҷоратии Visa пардохт намоед ва 10% тахфиф ба даст оред
Amazon Web Services (AWS) – ин онлайн-платформа мебошад, ки ба истифодабарандагон захираҳои виртуалӣ, нигоҳдорӣ, инфрасохтор ва хизматрасониҳо бо функсияҳои тайёрро пешниҳод мекунад. Оддӣ карда гӯем, ба ҷои хариди хизматрасонии ҷисмонӣ ва насби он ба таври маҳаллӣ, онлайн-захираҳои виртуалиро ба иҷора гирифтан мумкин аст.
AppSquadz – ин ширкати пешбаришуда дар соҳаи таҳияи барномаи мобилӣ ва веб-барномаҳо, инчунин, хизматрасониҳои абрӣ мебошад. Гӯрӯҳи беш аз 200 мутахассисон дар зиёда аз 30 кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кори бонкӣ, меҳмондорӣ, фароғат, тиҷорати электронӣ ва сайёҳӣ беш аз 850 лоиҳаҳоро амалӣ кардаанд. Ширкат мустақилона дар Бритониёи Кабир, ИМА, Амрикои Лотинӣ, минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ва дар Шарқи Наздик фаъолият мекунад.
Amazon Web Services чӣ гуна барои тиҷорати Шумо муфид аст?
- Сарфаи буҷет: танҳо он захираҳо ва иқтидорҳоеро, ки дар айни замон лозиманд, ба иҷора гирифтан ва барои онҳо ҳар соат ё танҳо барои шумораи дархостҳои иҷрошуда пардохт кардан мумкин аст.
- Аз ҳама инфрасохтори калонтарин дар байни ҳамаи провайдерҳои абрӣ: 77 минтақаи дастрасӣ дар саросари ҷаҳон. Ҳамаи марказҳои коркарди маълумотҳо, минтақаҳои дастрасӣ ва минтақаҳои AWS бо ҳам бо ёрии инфрасохтори махсусу хусусии шабакаҳои глобалӣ бо дастрасии баланд ва таъхирнопазирии паст пайваст мебошанд.
- Истифодабарии фасеҳи хизматрасонӣ: AWS хизматрасониҳои гуногуни абриро пешниҳод мекунад, ки дар якҷоягӣ бо мувофиқат ба талабот ва ҳадафҳои ташкилии лоиҳаҳои тиҷорати Шумо истифода бурдан мумкин аст.
Пешниҳоди махсус аз AppSquadz барои дорандагони корти тиҷоратии Visa
Ҳангоми пардохт бо кортҳои Visa Business, Visa Platinum Business, Visa Signature Business, Visa Infinite Business, Visa Corporate или Visa Purchasing то 10% тахфиф ба ҳисобҳои ҳармоҳаи AWS ба даст оред.
Чӣ тавр аз пешниҳод истифода бурд:
- Тавассути пайванд ба саҳифаи пешниҳод гузаред.
- Барои ба шакл дастрасӣ пайдо кардан, тугмаи «Get Discounts on AWS Billing»-ро пахш намоед.
- Маълумотҳои зуруриро пур кунед ва дархостро ирсол намоед.
- Намояндагони AppSquadz бо Шумо тамос мегиранд ва оиди қадамҳои минбаъда хабар медиҳанд.
Лаҳзаҳои муҳими иловагӣ:
- Истифодабарандагоне, ки хароҷоти онҳо дар AWS аз 50 000 USD зиёд намебошад, ба хисоби ҳармоҳаи худ 7% тахфиф мегиранд.
- Истифодабарандагоне, ки зиёда аз 50 000 USD сарф мекунанд ва дар тӯли 2 сол ба истифодабарии AWS ӯҳдадор мешаванд, зиёда аз 10% тахфиф гирифта метавонанд.
Тахфифҳои пешниҳодшуда барои ҳамаи дорандагони корти тиҷоратии Visa аз 1 майи соли 2023 то 31 декабри соли 2025 эътибор дорад. Дар бораи шартҳо ва маҳдудиятҳо аз вебсайт маълумот гиред.
Шарту шароитҳои Шарик:
Ҳам муштариёни нав ва ҳам муштариёни мавҷудаи AWS аз ин пешниҳод истифода бурда метавонанд. Барои аз ин пешниҳод истифода бурдан, муштариён бояд муштариёни нави AppSquadz бошанд. Ҳисоб дар рӯзи 5-уми ҳар моҳ дода мешаванд ва онро бояд фавран пардохт кард. Шарики абрӣ дастгирии додашавии ҳисобро ройгон пешниҳод мекунад, аммо дигар хизматрасониҳои дастгирӣ бояд пардохт карда шаванд. Истифодарандагоне, ки ҳисоби онҳо дар як моҳ то 50 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, барои доштани 7% тахфиф дар ҳисоби AWS ҳуқуқ доранд. Истифодабарандагоне, ки ҳисоби онҳо дар як моҳ аз 50 000 доллари ИМА зиёд аст ва дар тӯли 2 сол ба истифодабарии хизматрасониҳои AWS бо AppSquadz ӯҳдадор мешаванд, барои доштани 10% тахфиф дар ҳисоби AWS ҳуқуқ доранд. Пешниҳод барои муштариёне, ки ба худхизматрасонӣ машғуланд, эътибор дорад. Барои хизматрасониҳои идорашаванда муштарӣ бояд хизматрасониҳои иловагиро пардохт намояд. Хизматрасониҳои ҷойгиркунӣ ва ҳалли мушкилот хароҷоти иловагиро талаб мекунанд. Маълумотҳои ширкат бояд ҳангоми бақайдгирӣ барои ҷамъоварии пардохтҳо ҳамчун пасандоз пешниҳод карда шавад. Шарики абрӣ аз ҷиҳати молиявӣ ё ба таври дигар барои ҳама гуна вайронкуниҳои амнияти лоиҳаи муштарӣ масъулиятро ба ӯҳда намегирад. Ҳисоб аз ҷониби шарики абрӣ ба муштарӣ дода мешавад. Маълумотҳое, ки дар пешниҳоди техникӣ ва тиҷоратӣ мавҷуд аст, набояд ошкор карда шаванд, такрор карда шаванд, пурра ё қисман барои ягон мақсад истифода бурда шаванд, ғайр аз арзёбии пешниҳоди тиҷоратӣ. Агар барои хизматрасонӣ ягон фармоиш/ӯҳдадорӣ сурат гирад, муштарӣ вазифадор аст, ки тамоми давраи фармоиш/ӯҳдадориро пардохт намояд. Агар онро пеш аз мӯҳлат қатъ лозим шавад, ҷарима ситонида мешавад. Тахфифҳои нишондодашуда меъёри тахфифи шарикро дар бар мегиранд.
Шарту шароитҳои Visa:
Пешниҳод танҳо бапои дорандагони корти тиҷоратии Visa дастрас аст ва ба маҳдудиятҳо вобаста аст. Шарик барои ин пешниҳод масъулияти пурраро ба ӯҳда мегирад. Visa Inc © 2024