-
Пешниҳодҳои истисноӣ аз Visa дар Арабистони Саудӣ
Меҳмонхонаҳо

То 30 сентябри соли 2025
Six Senses
-15% барои истироҳати фаромӯшнашаванда
Ба фазои айшу ишрат ва танҳоӣ бо Visa ворид шавед ва 15% тахфиф барои ҷойгиршавӣ дар Six Senses (Red Sea) – осоишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ки дар он табиат ва роҳат бо ҳам мувофиқ мешаванд, ба даст оред.
Макони беҳтаринро барои истироҳат интихоб намоед – ва аз барномаҳои беназири саломатӣ ва лаззатҳои гастрономӣ ҳаловат баред.
Шартҳои иқдом:
- Пешниҳоди махсус ҳангоми бандкунии ҷойгиршавӣ дастрас аст.
- Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa эътибор дорад.

То 22 майи соли 2025
Jumeirah Jabal Omar Makkah
Пешниҳодҳои истисноӣ ҳангоми бандкунӣ
Аз истироҳат дар Jumeirah Jabal Omar Makkah ҳаловат баред ва бо корти Visa-и худ аз ҳамаи имтиёзҳо истифода намоед:
- Таҷдиди категорияи махсуси тарабхонаҳо. Ҳуҷраро бо субҳона банд кунед ва аз хӯроки шом дар тарабхонаи Jumeirah Jabal Omar Makkah ҳаловат баред.
- Ҳангоми ҷойгиршавӣ дар мобайни ҳафта 15% тахфиф барои нархи ҷойгиршавӣ бо субҳона ба даст оред.
Шартҳои иқдом:
- Пешниҳоди махсус ҳангоми бандкунии ҷойгиршавӣ дастрас аст.
- Дар ҳолати баъди соати 18:00 бекор кардани бандкунӣ, меҳмонхона пардохтро барои 1 шаб ситонида метавонад.
- Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa эътибор дорад.

то 30 сентябри соли 2025
Warwick
-10% барои ҷойгиршавӣ дар меҳмонхонаҳои Warwick
Барои худ зебогӣ ва меҳмоннавозии Warwick Hotels & Resorts-ро кашф кунед ва 10% тахфиф ҳангоми бандкунӣ бо корти Visa ба даст оред.
Меҳмонхонаи Warwick-ро интихоб кунед ва аз интеръери зебо, хизматрасонии аввалиндараҷа ва макони қулай ҳаловат баред.
Ҳуҷраро аз рӯи пайванд дар вебсайти warwickhotels.com банд кунед ва аз пешниҳоди истисноӣ истифода баред.
Ҷойгиршавиро дар Warwick дар Арабистони Саудӣ бо Visa банд кунед ва 10% тахфиф ба даст оред.
Шартҳои иқдом:
- Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa эътибор дорад.
- Пешниҳоди махсус дар меҳмонхонаҳои Riyadh, Jeddah, Dammam, AlJubail, AlKhobar ва AlTaif эътибор дорад.

То 31 декабри соли 2025
Seafront Luxury Suites
30% тахфиф ва пешниҳодҳои махсус барои ҷойгиршавӣ
Зебогии насими баҳр ва манзараҳои панорамиро дар Seafront Luxury Suites эҳсос намоед – акнун бо 30% тахфифи истисноӣ барои дорандагони корти Visa!
Барои дорандагони корти Visa дар Seafront Luxury Suites (Jeddah) пешниҳодҳои истисноӣ амал мекунанд:
- 30% тахфиф ҳангоми бандкунии манзил;
- Ҳангоми 3 шабонарӯз банд кардан – шаби чорум ҳамчун тӯҳфа ё ҳангоми 4 шабонарӯз банд кардан – шаби панҷум – шашум ҳамчун тӯҳфа аст.
Ба фазои роҳат ва бароҳатӣ дар люксҳои боҳашамат бо манзара ба уқёнус ворид шаведу аз террасаҳои хусусӣ ва хизматрасониҳои аввалиндараҷа ҳаловат баред.
Шартҳои иқдом:
- Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa эътибор дорад.
- Пешниҳоди махсус дар шаҳри Jeddah эътибор дорад.

То 17 октябри соли 2025
Mandarin Oriental AlFaisaliah
Шаби сеюм ҳамчун тӯҳфа аст
Роҳати худро давом диҳед ва ҳангоми бандкунии се шабонарӯз дар Mandarin Oriental AlFaisaliah бо корти Visa шаби сеюмро ройгон ба даст оред!
Ба ҷаҳони боҳашамат ва хизматрасонии бенуқсон ворид шаведу аз ҳуҷраҳои зебо, spa-табобатҳо ва лаззатҳои гастрономӣ ҳаловат баред.
Шартҳои иқдом:
- Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa эътибор дорад.
- Пешниҳоди махсус дар шаҳри Riyadh эътибор дорад.
Шартҳои иловагӣ ва маҳдудиятҳо:
- Таваҷҷӯҳ намоед: андозҳои маҳаллӣ ситонида мешаванд. Андоз бо тарофаи 5% барои андози коммуналӣ ва 15% ААИ ситонида мешавад.
- Тарофаҳо метавонанд, тағйир дода шаванд, инчунин дар рӯзҳои гуногуни ҳафта фарқ кунанд. Тарофа арзиши миёнаи як шаб, аз ҷумла шаби ройгонро нишон медиҳад.
- Пешниҳод аз будани ҷой вобаста аст, барои гурӯҳҳо дахл надорад ва бо дигар пешниҳодҳо якҷоя намешавад.
- Барои бандкуниҳое, ки то соати 16:00 як рӯз пеш аз омадан бекор карда шудаанд, ҳеҷ гуна пардохт ситонида намешавад. Ҳангоми чорабиниҳои махсус шартҳои махсуси бекор кардани бандкунӣ метавонанд, татбиқ карда шаванд.
- Ҳангоми бандкунӣ корти кредитӣ талаб карда мешавад, лекин то замони рафтан ҳеҷ гуна пардохт ситонида намешавад.
- Бақайдгирии ҷойгиршавӣ дар соати 15:00 ва бақайгирии рафтан – дар соати 12:00 гузаронида мешавад.

То 14 ноябри соли 2025
Voco Hotel
15% тахфиф барои ҷойгиршавӣ
Ҳангоми пардохт бо корти Visa аз истироҳати зебо ва замонавӣ дар Voco Hotel бо 15% тахфифи истисноӣ ҳаловат баред!
Ҳар як меҳмонхонаи Voco дар худ шароити хона ва роҳати премиалиро муттаҳид намуда, фазои беҳтаринро барои саёҳати Шумо фароҳам меорад.
Ҷойгиршавиро дар Voco Hotel (AlKhobar) бо Visa банд кунед ва 15% тахфиф ба даст оред.
Шартҳои иқдом:
- Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa эътибор дорад.
- Пешниҳоди махсус дар шаҳри AlKhobar эътибор дорад.

То 14 ноябри соли 2025
Holiday Inn & Suites
15% тахфиф ҳангоми бандкунӣ
Бо роҳат саёҳат кунед ва ҳангоми бандкунӣ Holiday Inn & Suites бо корти Visa 15% тахфиф ба даст оред!
Хоҳ он истироҳати оилавӣ бошад, хоҳ сафари корӣ ё хоҳ истироҳат дар шаҳри нав бошад – Holiday Inn & Suites ба Шумо роҳат, хизматрасонии замонавӣ ва макони қулайро фароҳам меорад.
Ҳуҷраро дар Holiday Inn & Suites (AlKhobar) бо корти Visa банд кунед ва 15% тахфиф барои ҷойгиршавӣ ба даст оред.
Условия акции:
- Предложение действует для держателей всех карт Visa.
- Специальное предложение действует в городе AlKhobar.
Харид

То 30 апрели соли 2025
Damas
То 30% тахфиф барои маҳсулотҳои ҷавоҳиротӣ
Барои худ ҷаҳони шево ва маҳорати зеборо бо Damas, ки бренди пешбарикунандаи ҷавоҳирот дар Шарқи Наздик мебошад, кашф кунед. Ҳозир Шумо имконияти беназир, барои харидани маҳсулотҳои ҷавоҳиротии Damas-ро бо тахфифи махсус, барои дорандагони корти Visa доред:
- 30% – барои коллексияи боҳашамати Damas Al Qasr – таҷассумгари бузургии шоҳона ва эстетикаи шаркӣ.
- 25% – барои коллексияҳои зебо ва замонавии Damas 168 / OneSixEight – рамзи зебоӣ ва мураккабӣ барои ҳар рӯз.
Ба худ бо ҳамроҳи Damas ва Visa дурахшонтар шуданро иҷозат диҳед!
Дар тӯли 100 сол Damas ҷавоҳироти зеборо эҷод мекунад, ки аз мероси ғании минтақа ва тамоюлҳои муосир гирифта шудаанд.
Ҳар як ҷавоҳироти Damas – ин таҷассумгари таъми бебаҳо, маҳорат ва мерос мебошад. Хоҳ он гарданбанди зебо, хоҳ гӯшворҳои ҷолиб ё хоҳ дастбандҳои шево бошад – интихоби Шумо шахсияти Шуморо нишон медиҳад.
Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa эътибор дорад.

То 29 сентябри соли 2025
Lustro
20% тахфиф барои коллексияи маҳсулотҳои ҷавоҳиротӣ
Зебоӣ, услуб ва маҳорати бебаҳо – ҳамаи инро бренди Lustro таҷассум мекунад.
Коллексияи брендҳо зебо ва истисноӣ буда, сангҳои қимматбаҳо ва алмосҳое, ки маҳсулотро оро медиҳанд, таъми беназири соҳибони худро нишон медиҳад.
Акнун Шумо имконияти беназири соҳиби ҷавоҳироти боҳашамати Lustro бо 20% тахфиф шуданро, ҳангоми пардохт бо корти Visa доред.
Ба худ дурахшонтар шудани маталлҳо ва сангҳои қимматбаҳоро иҷозат диҳед, ки намуди Шуморо фаромӯшнашаванда мегардонанд.

То 31 октябри соли 2025
AlBadr Optical
То -25% барои хизматрасониҳои толорҳои оптикӣ
AlBadr Optical – шабакаи пешбаришудаи толорҳои оптикӣ дар Арабистони Саудӣ мебошад, ки дар 15 филиал дар шаҳрҳои калонтарини кишвар намояндагӣ мекунад: Эр-Рияд, Ҷидда, Даммам ва ғайра. Бренд доираи васеи айнакҳои офтобӣ, чорчӯбаи тиббӣ ва линзаҳои контактии баландсифатро пешниҳод мекунад.
Махсус барои соҳибони корти Visa пешниҳоди истисноӣ амал мекунад:
- 25% тахфиф барои айнакҳои офтобӣ ва тиббӣ;
- 20% тахфиф барои линзаҳои контактӣ, тиббӣ, равшан ва ороишӣ.
Роҳат ва зебоиро бо AlBadr Optical эҳсос кунед – ин назари идеалии Шумо ба ҷаҳон аст!
Шартҳои иқдом:
- Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa эътибор дорад.
- Тахфиф ба брендҳои Cartier ва CHANEL, инчунин ба линзаҳо бо нархҳои муқарраршуда дахл надорад.
Тарабхонаҳо

То 31 октябри соли 2025
Тахфифҳои истисноӣ то 20% барои дорандагони корти Visa дар тарабхонаҳои Эр-Рияд ва Ҷидда!
Дорандагони корти Visa Signature, Platinum ва Infinite аз тахфифи махсус то 20% дар тарабхонаҳои беҳтарини Эр-Рияд ва Ҷидда барои хӯрокҳои нисфирӯзӣ ва шом дар муассисаҳои интихобшуда истифода бурда метавонанд.
Имконияти бо тахфиф аз таомҳои болаззат ҳаловат бурданро аз даст надиҳед!
Мизро банд кунед ва аз имтиёзҳои корти Visa-и худ истифода баред!
Тарабхонаҳо дар Эр-Рияд:
- Il Baretto –20% тахфиф аз рӯзи якшанбе то панҷшанбе аз 13:00 то 18:00.
- Black Tap –20% тахфиф аз рӯзи шанбе то чоршанбе аз 18:00 то 00:00.
- A.OK –20% тахфиф аз рӯзи шанбе то чоршанбе аз 18:00 то 00:00.
- MrChow –20% тахфиф барои хӯроки шом аз 18:00 то 00:00.
- Ruya –20% тахфиф барои хӯрокҳои нисфирӯзӣ ва шом аз 13:00 то 00:00.
- Jon & Vinny’s –20% тахфиф аз рӯзи якшанбе то сешанбе аз 08:00 то 18:00.
- Sobhy Kaber –20% тахфиф аз рӯзи якшанбе то панҷшанбе аз 12:30 то 18:00.
- Asmak Wadi El Nile – 20% тахфиф барои хӯрокҳои нисфирӯзӣ ва шом аз 13:00 то 00:00.
- Nile Palace –10% тахфиф, то 16 октябри соли 2025 амал мекунад.
- Om Ali – 10% тахфиф, то 16 октябри соли 2025 амал мекунад.
Тарабхонаҳо дар Эр-Рияд ва Ҷидда:
- Roka –20% тахфиф аз 13:00 то 17:30 ва 10% барои хӯрокҳои шом баъди 18:00.
Пешниҳод барои дорандагони корти Visa Signature, Platinum ва Infinite эътибор дорад.
Мӯҳлати эътибори иқдом:
- Тахфифҳои асосӣ то 31 октябри соли 2025 эътибор доранд.
- Дар тарабхонаҳои Nile Palace ва Om Ali иқдом то 16 октябри соли 2025 эътибор дорад.
SPA & Wellness
То 1 октябри соли 2025
Spa – пешниҳодҳои беҳтарин
То 20% тахфиф барои истироҳат
Ба фазои истироҳати пурра ва барқароркунии қувва дар марказҳои пешқадами spa, ки тахфифҳои истисноиро барои дорандагони корти Visa пешниҳод мекунанд, ворид шавед.
Spa – пешниҳодҳои беҳтарин:
- 20% тахфиф дар Ocean Spa
- 20% тахфиф дар Hot Stone Spa
- 15% тахфиф дар Jo Spa
Новобаста аз оне, ки Шумо баъди як рӯзи дароз ҷой барои истироҳат карданро ҷустуҷӯ мекунед, худро бо маҳсҳо ғамхорӣ кардан мехоҳед ё аз табобатҳои беназири нигоҳубини бадан ҳаловат бурдан – пас, spa-барномаҳо маҳз барои Шумо сохта шудаанд.
- 20% тахфиф дар Ocean Spa
Маркази боҳашамати spa, доираи васеи хизматрасониҳои нигоҳубини бадан, рӯй ва мӯйро пешниҳод мекунад. - 20% тахфиф дар Hot Stone Spa
Ҷои беҳтарин барои истироҳати амиқ бо усулҳои беназири маҳс бо сангҳои гарм мебошад. - 15% тахфиф дар Jo Spa
Минтақаи хилват барои истироҳат ва барқароркунии қувваи ҳаётӣ, ки маҳсҳо, ароматерапия ва барномаҳои истироҳатиро пешниҳод мекунад.
Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa эътибор дорад.

Иҷораи мошин

То 31 декабри соли 2025
Budget
10% тахфиф барои иҷораи мошин
Budget – яке аз брендҳои пешбарандаи иҷораи мошин дар ҷаҳон аст, ки доираи васеи интихоби мошинҳоро барои сафарҳои корӣ, саёҳат ва эҳтиёҷоти ҳамарӯза пешниҳод мекунад.
Бо Budget Шумо бехатарӣ, роҳат ва шартҳои дастрасии иҷораро дар шаҳрҳои калонтарин дар саросари ҷаҳон ба даст меоред.
Акнун соҳибони корти Visa Infinite аз 10% тахфифи истисноӣ барои иҷораи мошин истифода бурда метавонанд. Шумо сафари корӣ, истироҳати оилавӣ ё танҳо ҳаракати бароҳатро дар атрофи шаҳр дар нақша доред – Budget намудҳои гуногуни мошинро пешниҳод мекунад.
Афзалиятҳои иҷора бо Budget:
- Интихоби васеи мошинҳо – аз мошинҳои хурд то мошинҳои SUV ва моделҳои боҳашамат.
- Онлайн – бандкунии қулай ва дар идораҳои саросари ҷаҳон.
- Шартҳои шаффофи иҷора бе пардохтҳои пинҳонӣ.
- Сатҳи баланди хизматрасонӣ ва дастгирии мизоҷон.
Аз озодии ҳаракат ва шартҳои муфид бо Budget ва Visa ҳаловат баред!
Пешниҳод барои ҳамаи дорандагони корти Visa Infinite эътибор дорад.