• Харидро ба тарзи нав бо корти премиалии Visa кашф намоед!

    Four people walk outside in front of buildings with steep, red-tiled roofs and dormer windows on a cloudy day. Four people walk outside in front of buildings with steep, red-tiled roofs and dormer windows on a cloudy day.

Тахфифҳои истисноӣ, имтиёзҳо ва дастрасӣ ба минтақаҳои VIP дар аутлет-шаҳракҳои Bicester Village бо Visa Platinum, Signature ва Infinite

Тобистон — ин на танҳо дар бораи  истироҳат, балки дар бораи таассуротҳои махсус низ мебошад. Маҳз барои ҳамин Visa барои дорандагони корти премиалӣ имтиёзҳои истисноиро дар беҳтарин outlet-шаҳракҳои  Аврупо  — дар Лондон, Париж, Милан, Барселона, Мадрид, Дублин, Брюссел, Мюнхен ва Франкфурт омода кардааст.

Бо корти Visa Platinum, Signature ва/ё  Infinite Шуморо интизоранд:

  • Тахфиф дар дӯконҳои брендҳои ҷаҳонӣ;
  • ваучерҳо барои нӯшокиҳо дар тарабхонаҳои зебо;
  • хизматрасонии «Хариди осон»;
  • дастрасӣ ба VIP-муҳити хусусии The Apartment;
  • бақайдгирии соддакардашуда барои Tax Free (Global Blue).

Бо ёрии  VIP-даъватнома имтиёзҳоро гирифтан мумкин аст — outlet-ро интихоб намудан ва мувофиқи корти Visa-и худ QR-рамзро бор кардан кофӣ аст.

Two women stand in a room with a clothing rack, looking at clothes and smiling. Shelves with dishes, glassware, and fruit are visible in the background.

10% тахфиф дар дӯконҳои брендҳои ҷаҳонӣ

Дорандагони корти Visa дар зиёда аз 500 дӯконҳои бренди боҳашамати дӯстдоштаи худ 10% тахфиф гирифта метавонанд. Барои аз пешниҳод истифода бурдан, кофӣ аст:

  1. Бор кардани VIP-даъватнома.
  2. Интихоб кардани outlet-шаҳрак.
  3. Нишон додани QR-рамз дар хазина.

Таваҷҷӯҳ намоед: инчунин  QR-рамз имконияти аз ваучер барои нӯшокӣ ва хизматрасонии «Хариди осон» истифода бурданро медиҳад.

Муҳим:

  • Тахфиф танҳо дар рӯзи боздид ҳангоми пешниҳоди QR-рамз аз VIP-даъватнома эътибор дорад.
  • Мустақиман дар хазина ҳангоми пардохт бо корти Visa ҳисоб карда мешавад.
  • Бо дигар иқдомҳои дӯконҳо якҷоя карда намешавад.
  • Танҳо барои  кортҳои Visa Platinum / Signature / Infinite дастрас аст.
Two people sit at a table with food, smiling and looking at a camera together, surrounded by plants in the background.

Ваучер барои нӯшокиҳо дар тарабхонаҳои Village

Таърифро қабул кунед — нӯшокӣ бо арзиши 5£/5€ дар тарабхонаҳои outlet-шаҳрак. Барои ин:

  1. VIP-даъватномаро бор кунед.
  2. QR-рамзро дар рӯи мизи Concierge нишон диҳед.
  3. Ҳангоми харид аз нӯшокӣ ҳаловат баред.

Муҳим:

  • Як ваучер барои як QR-рамз, дар рӯзи боздид эътибор дорад.
  • Нӯшокӣ — интихоб аз рӯи меню (спиртдор ё бе спирт, вобаста аз кишвар ва тарабхона).
  • Пешниҳод танҳо ҳангоми будани VIP-даъватнома ва корти премиалии Visa эътибор дорад.
A man in a suit and a woman in a patterned dress with sunglasses walk outdoors holding shopping bags.

Хизматрасонии «Хариди осон» (Hands-Free Shopping)

Дар бораи халтаҳо фаромӯш кунед — хизматрасонии  «Хариди осон» дар дилхоҳ вақт имконияти харидҳоро барои нигоҳдорӣ супоридан ва баъдтар гирифтанро медиҳад. Барои истифода бурдан:

  1. VIP-даъватнома ва корти Visa-ро дар рӯи мизи Concierge нишон диҳед.

Муҳим:

  • Дар давоми рӯз дар дилхоҳ вақт харидҳоро барои нигоҳдорӣ супоридан мумкин аст.
  • Дар охир — тамоми маблағи харид дар як ҷой дода мешавад ё ба мошин / таксӣ / меҳмонхона (вобаста аз ҷойгиршавӣ) расонида мешавад.
  • Хизматрасонӣ барои дорандагони кортҳои Visa Platinum, Signature ва Infinite ройгон пешниҳод карда мешавад.
A woman in a white dress stands at an open door, holding a cup and looking outside; a dining table with flowers and food is set nearby.

Дастрасӣ ба VIP-муҳити The Apartment

The Apartment — ин лаунж-минтақаи пӯшида барои роҳаткунӣ бо хизматрасонии премиалии инфиродӣ мебошад. Барои гирифтани дастрасӣ:

  1. VIP-даъватномаро бор кунед.
  2. Паёмро на камтар аз 48 соат пеш аз боздид ба email-и интихобшудаи Village ирсол намоед.
  3. Дар паём нишон диҳед: санаи боздид, намуди корти Visa-и худ, миқдори меҳмонон ва мақсади боздид (масалан, истироҳат, вохӯрӣ, кор ва ғ.).

Муҳим:

  • The Apartment — ин муҳити хусусие мебошад, ки танҳо бо дархости пешакӣ дастрас аст.
  • Меҳмонон аз Wi‑Fi, нӯшокиҳо ва хизматрасонии мушовири шахсӣ истифода бурда метавонанд.
  • Дархостро на камтар аз 48 соат пеш аз боздид ирсол кардан лозим аст — дар ҳолати мавҷуд будани шумораи зиёд дастрасӣ метавонад, маҳдуд карда шавад.
  • Даромад танҳо барои дорандагони Visa Signature ва Visa Infinite дастрас аст.
Two women look at a brochure; one wears a red uniform and hat behind a counter, the other stands in front of her. A map is visible in the background.

Баргардонидани ААИ (Tax Refund) бо Global Blue

Visa фармоиши Tax Free-ро боз ҳам осонтар мекунад — ҳамагӣ якчанд қадам:

  1. Пешакӣ онлайн бақайдгирӣ кунед (як маротиба кифоя аст).
  2. Ҳангоми харид штрих-кодро дар хазина нишон диҳед.
  3. Баъди гузаштан аз назорати гумрукӣ баргардонидани маблағ ба таври худкор ба корти Visa-и Шумо гузаронида мешавад.

Барои аз имтиёзҳо истифода бурдан, дорандагони корти Visa бояд пешакӣ аз онлайн-бақайдгирӣ дар системаи Global Blue гузаранд.

Пайвандҳо барои бақайдгирӣ (Tax Refund — Global Blue):

Муҳим:

  • Барнома танҳо дар дӯконҳое, ки бо Global Blue ҳамкорӣ мекунанд, эътибор дорад.
  • Маблағи минималии харид барои фармоиш— аз 100,01€.
  • Бақайдгирӣ ва гирифтани штрих-код — яккарата аст, он барои ҳамаи харидҳои минбаъда кор мекунад.
  • Баргардонидани маблағи фармоиш ба ҳамон корти Visa бо шарти тасдиқи баромадан аз ИА дода мешаванд.
  • Ҳангоми баромадан аз тасдиқи гумрукӣ гузаштан ҳатмӣ аст — бе он маблағ баргардонида намешавад.
  1. Барои гирифтани имтиёзҳо бояд QR-рамзро аз VIP-даъватномае, ки дар вебсайти интихобшудаи Village ё дар саҳифа мувофиқи корти Visa-и Шумо таҳия шудааст, пешниҳод кард.
  2. Як QR-рамз танҳо дар рӯзи зеркашии он эътибор дорад ва онро якбора барои якчанд имтиёзҳо истифода бурдан мумкин аст (тахфиф, нӯшикӣ, «Хариди осон»).
  3. QR-рамзро баргардонидан ё такроран истифода бурдан мумкин нест.
  4. Имтиёзҳо танҳо дар соатҳои кории дӯконҳо ва Concierge дастрасанд.
  5. Шартҳои ҳар як имтиёзҳо вобаста аз кишвар, outlet-шаҳрак ва навъи корти Visa фарқ карда метавонанд.
  6. Даромад ба лаунж-муҳити The Apartment танҳо пас аз тасдиқи пешакии хизматрасонии Guest Services пешниҳод карда мешавад.
  7. Барои фармоиши Tax Refund муштарӣ бояд резиденти ИА набошад ва дар мағозаҳои шарикии Global Blue ба маблағи на камтар аз 100,01€ харид кунад.
Пешниҳод барои дорандагони кортҳои Visa Platinum, Visa Signature ва Visa Infinite то 31 декабри соли 2025 эътибор дорад.